Абулфазли Байҳақӣ-муаррих ва пешгоми насри форсӣ
Publish place: 14th. International Conference in Honor of Abolfazl Beyhaghi and Interdisciplinary Studies
Publish Year: 1403
Type: Conference paper
Language: English
View: 64
متن کامل این Paper منتشر نشده است و فقط به صورت چکیده یا چکیده مبسوط در پایگاه موجود می باشد.
توضیح: معمولا کلیه مقالاتی که کمتر از ۵ صفحه باشند در پایگاه سیویلیکا اصل Paper (فول تکست) محسوب نمی شوند و فقط کاربران عضو بدون کسر اعتبار می توانند فایل آنها را دانلود نمایند.
- Certificate
- I'm the author of the paper
Export:
Document National Code:
BAYHAGI14_007
Index date: 21 November 2024
Абулфазли Байҳақӣ-муаррих ва пешгоми насри форсӣ abstract
Хоҷа Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайни Байҳақӣ (375-456 ҳ.қ./995-1077 м.) аз зумраи бузургтарин муаррихони форс-тоҷик аст. Навиштаи ӯ «Таърихи Байҳақӣ» бо номи муаллифи донишманду нуктасанҷаш Байҳақӣ ба «Таърихи Байҳақӣ» шуҳрат ёфтааст ва муҳимтарин ва дақиқтарин китоби таърихӣ ва аз осори камназири насри порсист. Байҳақӣ номи китоби хешро танҳо таърих навиштааст, аммо дар давраҳои баъдӣ ин китобро бо номҳои зиёде зикр кардаанд, ки машҳуртарини онҳо «Таърихи Байҳақӣ» аст. Ибни Фундуқ онро «Таърихи Носирӣ» номида буд. «Таърихи Масъудӣ», «Таърихи Оли Носир», «Таърихи Оли Сабуктагин», «Ҷомеъу-т-таворих», «Ҷомеъ фӣ таърихи Сабуктагин» аз дигар номҳои ин асари арзишманд аст.Чандин маротиба нашр гаштани ин асар шуҳрату маҳбубияти онро афзун кард ва баъдан дида намешавад, ки муаррих ё муҳаққиқе дар соҳаи таърихи забону фарҳанг ва насри форсӣ зимни пажӯҳиш аз «Таърихи Масъудӣ»-и Байҳақӣ моя нагирифта бошад, зеро дар боби ҳодисоту рухдодҳои солҳои 1030-1041-и Хуросону Мовароуннаҳр ва Эрони Марказиву Ҳинд бидуни ошноӣ бо ин асари пурарзиш сахт аст ба камоли матлуб расид. Муҳаққиқони рус В.В. Бартолд, А.К. Арендс, С.Г. Оқоҷонов, олимони эронӣ Саъид Нафисӣ, Забеҳулло Сафо, Малику-ш-шуаро Баҳор, Ғуломҳусайни Юсуфӣ, Халил Хатиби Раҳбар, пажӯҳишгари афғонистонӣ Абдулҳай Ҳабибӣ ва донишманди ғарбӣ Мерлин Волдман пиромуни рӯзгору осори Абулфазли Байҳақӣ таҳқиқоти судманд анҷом додаанд. Шоёни зикр аст, ки дар Эрон роҷеъ ба шахсияту осори Байҳақӣ таваҷҷӯҳи вижае бо муҳаббату самимияти тамом зоҳир мешавад. Баргузории ҳамоишҳои байналмиллалӣ ба хотири бузургдошти ӯ муҳимтарин гом дар Байҳақишиносӣ шумурда мешаванд.Байњаќї бо навиштани ин шоҳасари безавол бо мардуми хеш паёми хираду озодиро расонида, эшонро ба худшиносї ва ќабл аз њама ба омўхтани таърихи гузашта даъват мекунад, зеро бовар дошт, ки “аз таърих бедорї афзояд” ва ин њаќиќати бебањс аст. Дар муњити тираву тори асри ХI иншо намудани ин гуна асаре, ки воќеъиятњоро бепарда баён мекунад, нишоне аз худгудохтанњову аз худгузаштанњои муаллифи сарбаланду арљманд аст, ки имрўз метавон ўро ба масобаи як ќањрамони њаќиќї ањсан хонд. Байњаќї бовар дошт, ки ин гуна љон ба кафи даст сарсахтона пайкоркарданњояш ба баъдиён хоњад расид ва оинаи тамомнамои ибрати онон хоњад гашт: “аз ман ёдгоре монад, ки пас аз мо ин таърих бихонанд”.
Абулфазли Байҳақӣ-муаррих ва пешгоми насри форсӣ authors